1 Ман Юҳанно, пири ҷамоати имондорон ба бародари азизам, Ғаюс, ки самимона дӯст медорам, нома менависам. 2 Дӯсти азиз, ман бисёр дуо мекунам, ки ту дар ҳама корҳоят муваффақ шавӣ ва чунон ки зиндагии рӯҳоният солим аст, ту низ ҷисман саломат бошӣ! 3 Вақте ки бародарон ба ҷамоати мо омада, дар бораи ҳаёти рӯҳонии ту шаҳодат доданд, ки чӣ тавр ту мувофиқи таълимоти Масеҳ рафтор мекунӣ, ман хеле хурсанд шудам. 4 Умуман вақте ки мешунавам, чӣ хел шогирдонам, ки ҳамчун фарзанд бароям азизанд, аз рӯйи Каломи Худо зиндагӣ мекунанд, ман беҳад хурсанд мешавам.